Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шнел-шнел» гӯён дод мезад. Дар байни ин ғавғоҳо боз садои тир баромаду кадом як зане баланд дод зад. «Чаро бачаамро паррондед? Вай чӣ гуноҳ кард? Оҳ, писаракам...» Овози кадом як зани дигаре баланд гашт, ки мегуфт: «Ба ҳеҷ куҷо намеравам, чӣ коре мекунед, кардан гиред, - намеравам гуфтам, намеравам! Ҳой, мардум, ёрӣ диҳед, ёрӣ...» Боз садои тири автомат баланд гардиду дигар овози зан шунида нашуд.

Издиҳом, ки фашистон пешандоз карда меомаданд, ба ҷои истодаи Андрейка наздик мешуд. Андрейка дандон ба дандон монда наҷунбида менишаст. Аз наздикии ҷои нишасти ӯ, ки бо он роҳ мардумро ба куҷое мебурданд, боз садои тири автомат баланд гардид. Андрейка ба замин ҷафс шуд. Яку якбора фарёди ҷонҳароши модарашро шунид: «Галя, Галяҷонам! Чаро паррондед, аблаҳҳо?!» Андрейка аз шунидани фарёди ҷонҳароши модараш як қад парида, тамоми баданашро ҳаяҷон фаро гирифт. Ӯ хост, ки аз ҷояш хеста ба ёрии модараш шитобад. Вале дар ҳамин асно овози модараш баланд шуд, ки фарёд карда мегуфт: «Андрюша, Андрейкаҷон, аз ҷоят наҷунб, писарам! Ин ҷо набиё, ки аз ҷони ширинат ҷудо мешавӣ!...» Андрейка тарсида-тарсида аз ҷояш нимхез шуда ба чор тараф нигоҳ кард. Фашистон мардуми деҳаро ба истгоҳи роҳи оҳан нею ба тарафи беша мебурданд. «Агар ба Германия бурданӣ мешуданд, - мегуфт Андрейка ба худаш, - рост ба истгоҳи роҳи оҳан мерафтанд. Чаро сӯи беша рафтанд?».

Осмонро абрҳои сиёҳ паҳш карда, реза-реза борон боридан гирифт ва шамоли сахт вазид. Андрейка қоматашро рост карда, ба деҳа назар кард. Ҳама ҷо орому сокит. Дар деҳа ягон кас набудагӣ барин. Ақ-аки сагҳо шунида намешуд. Андрейка тарсону ларзон ба сари роҳ баромада, ба тарафи хонаашон равон шуд. Ногоҳ аз худаш дуртар дар сари роҳ кӯдакеро дид, ки дар хун оғушта мехобид. Андрейка хост, ки

пешина
аз 349
навбатӣ