Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
гуселонем, - гуфт Степан ба Миша-бобо, - илоҷи дигаре нест. - Вай ҳамчун савғотии Миша-бобо ба як шишаи калон арақи дасти ва каме гӯшти яхнӣ гирифта, аз хонаи пирамард бадар рафт.
Пагоҳии рӯзи дигар Миша-бобо хост, ки аз пеши хонаи Варвара гузашта истода, гуфтаҳои Степанро ба вай расонад, вале аз ҷо хеста натавонист: сараш вазнин буд, буғумҳои пою дастонаш дард мекарданд. Вай касал шуда буд.
Соатҳои даҳи рӯз Варвара ба либосшӯӣ сар кард. Надяю Галя дар паскӯчаи рӯбарӯи ҳавлиашон бо духтарони ҳамсоя машғули бозӣ буданд. Андрейка барои об овардан рафта буд. Нохост аз самти чапи деҳа, ки роҳи калони деҳаро миёнабур карда мегузашт, ғурроси автомашинаҳо шунида шуда, чангу хоки роҳ баланд гардид. Андрейка сатилҳоро ба замин гузошта, давида ба сари кӯча баромад. Аз назди ӯ чор автомашинаи пур аз аскарони немис гузашта, назди бинои мактаб омада истоданд. Фашистон аз мошинаҳо фаромаданд. Андрейка зуд пас гашта, тозон-тозон ба тарафи хонаашон омад.
- Оҷа, ҳой оҷа, немисҳо, немисҳо омаданд! Чор мошин пур-пури фритс...
Худи ҳамон лаҳза Надяю Галя ҳам аз куҷое давида омада, гапи ӯро тасдиқ карданд.
- Оҷа, немисҳо омаданд, ҳӯ, ана, дар саҳни мактабамон саф кашида истоданд...
Варвара чӣ гуфтанашро надониста, зарфи ҷомашӯиро дар ҷояш монда, дастонашро бо пешдоманаш пок кард ва ба сари кӯча баромада ба саҳни мактаб назар афканд. Немисҳо ду-ду, чор-чор шуда деҳаро иҳота мекарданд. «Аз афташ, боз кофтуков сар мешавад» гуфт Варвара худ ба худ. Вай ба Андрейка нигариста гуфт:
- Ту, Андрейка, гурез, писарам. Ба ягон ҷой рафта паноҳ шав. Шаб ки шуд, ба беша рав, мавқеи партизанҳоро ёфта, ба падарат ҳамроҳ шав.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо