Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Аз ин ҳам зиёд... - гуфт Саша аз рӯи ҷасади Анатолий сарашро бардошта. - Беҳуда ман ба асабаш мерасидам. Охир кай медонистам, ки...
Саша гулӯгир шуд ва гапашро гуфта натавонист, боз ба навҳа даромад.
Ним соат пас гала расида омад. Фашистон ва политсайҳое, ки ҳамроҳи гала буданд, аз воқеаи рӯй дода пай набурда, бепарво чорво ронда омаданд ва чӣ тавр дар иҳотаи партизанҳо афтоданашонро худашон ҳам нафаҳмида монданд.
Сабуров бо ҳамроҳонаш вазифаро иҷро намуданд, танҳо тасодуфан ҳалок гардидани Анатолий, ки ба ин худаш сабабгор буд, ҳамаро ғамгин кард. Чӣ илоҷ, ҷанг-ҷанг аст, бе тасодуф ва қурбонӣ намешавад.
VII
Мегӯянд, ки «офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Хабари дар отряди партизанӣ амал кардани Степан Сабуров ва ҳамлаҳои ҷсуронаи вай ба дастаҳои политсайҳо ва отрядҳои ҷазодиҳандаи фашистон, ки борҳо ба таъқиби партизанҳо баромада ва ҳар бор шикаст хӯрда, ноумед шуда бармегаштанд, ниҳоят ба коменданти шаҳр расид. Вай инчунин медонист, ки тамоми сокинони Боровская тарафи партизанҳо буда, онҳоро дастгирӣ мекунанд. Комендант бо мақсади он, ки Степан Сабуровро зинда дастгир кунад, назоратро ба хонаи ӯ пурқувват намуда, ба арбоби деҳа ва политсаю фашистони немисе, ки ба деҳа меомаданд, фармон дода буд, ки алҳол ба аҳли оилаи вай кордор нашаванд: «Бигузор Варвара Михайловна донад, ки, - мегуфт комендант, - мо Степанро гӯё ҳоло ҳам одами худӣ медонем ва ӯро партизанҳо куштаанд, гуфта гумон мекунем». Лекин аҳолии деҳаро ором намегузоштанд, қин ва молу ҳолашонро талаю тороҷ мекарданд. Дирӯз фашистон ду нафар сокини деҳаро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо