Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Зодгоҳро чӣ? Агар ҳама аз ватан гурехта раванд, тақдири он чӣ мешавад?
Владимиров: - Фаҳмидам гапатонро, дар ин ҷо мондани як қисми одамон зарур аст.
Степан: - Пас, дар ин ҷо мондан чӣ маъно дорад: ба душман сари таслим ҳам карда, ғуломи ҳалқабардӯш шуда гаштан, ё ба муқобили душмани ғаддор мубориза бурданро?
- Дуюмаш, албатта.
Степан: - Ман ҳам барои он дар ин ҷо мондам, ки яроқ ба даст гирифта, ба муқобили душман мубориза барам.
Владимиров: - Дигар савол надорам, рафиқ Пискунов. Акнун иҷозат бидеҳ, ҳамроҳи аскари худ Василий ба отряд баргардам. Ивазкунандаи ӯ Степан Сабуров одами пухта аст ва ба ҳар кор хуб сарфаҳм меравад.
Василий: - Баъд ин ки вай аз ҳамин ҷо, ҳар як ваҷаб замин ва одамонашро хуб мешиносад, бешубҳа, аз ман дида бештар фоида расонида метавонад.
Пискунов: - Ҳа шайтоне, чӣ гуфтанатро ёфтӣ-а.
Владимиров: - Хайру хуш мекунем, рафиқон: вақти рафтани ман шуд. Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш кашида, баъд даст дода, хайру хуш карданд, Василий бошад, ба Степан нигариста гуфт:
- Зинда монем, боз якдигарро мебинем. Муваффақият металабам.
- Ба шумо низ, - гуфтанд аз қафо Пискунову Степан.
Вақте ки Владимиров ва Василий аз назар ғоиб шуданд, Пискунов аз Степан пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё