Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

взводе, ки Василий ба он шомил буд, лейтенант Владимиров будааст.

Василий ба Владимиров:

  • Канӣ, гап зан: аз куҷо, чӣ хел ба ин ҷойҳо омада мондӣ?

  • Аз иҳота баромада, ба беша даромадам, аскаронеро, ки қисмҳояшонро гум кардаанд, ҷамъ карда отряд ташкил додам. Ин ҷо бо фармони калонҳо омадам ва супориши онҳоро шахсан худам ба Пискунов расондам.

Василий:

  • Боракалло, Владимиров. Ту одами ботадбир ҳастӣ, аз ҳар хел вазъияти душвор илоҷ ёфта саломат мебароӣ.

Владимиров ба Пискунов:

  • Антон, ман Василийро ҳамроҳи худам гирифта мебарам.

Пискунов:

  • Чаро?

Владимиров:

  • Аввалаш ин, ки Василий ҷанговари взводи ман аст, дуюмаш ин, ки одамони отряди ту бисёр ва боз бисёртар мешаванд...

Василий:

  • Ба ман, рафиқ Пискунов, маъқул шудӣ, лекин ҳозир ки фармондеҳамро дида мондам, аз вай дигар ҷудо намешавам.

Пискунов:

  • Коре карда аз мо мегурезӣ?

Василий:

  • Бе иҷозат не, албатта. Баъд ин, ки ба ҷои худ одам тайёр карда мондам, - Степанро ҷеғ зада бо онҳо шинос кард: - Марҳамат шинос шавед: собиқ котиби шӯрои деҳа, дар айни замон арбоби деҳаи Боровская Степан Сабуров. Ба фашистон хизмат кардан нахоста, назди мо омадааст.
пешина
аз 349
навбатӣ