Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
дараке набуд. Рӯзи сеюм ҳам ӯ ба хона наомад. Дар байни мардуми деҳа овоза паҳн шуд, ки гӯё комендант арбоби деҳа Степан Сабуровро барои иҷро накардани фармонҳояш ба ҳабс гирифтааст. Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки гӯё Степанро партизанҳо дошта, барои ватанфурӯшиаш паррондаанд.
Рӯзи сеюм Андрейка аз кӯча мушавваш баргашт ва ба модараш гуфт:
- Мардум дар бораи падарам чӣ гапҳое намегӯянд, оча. Ҳуш аз сари одам мепарад.
- Бигузор гуфтан гиранд, - гуфт Варвара ва ӯро тасалло дод.
- Падарат зиндаю саломат аст, танҳо инро ба ҳеҷ кас нагӯй.
Баъди як ҳафтаи «гум» шудани Степан Варвара ба шаҳр назди комендант рафта, аз ӯ илтимос кард, ки арбоби деҳаи Боровская, яъне шавҳари ӯ Степанро аз ҳабс озод намояд. Комендант ба ӯ гуфт, ки аз Степан хабаре надорад ва ваъда дод, ки ба ҳар ҳол ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва, албатта, хабари мурда ё зинда буданашро ба Варвара мерасонад.
Варвара, ки ба куҷо рафтани шавҳарашро хуб медонист ва бо илтимос назди комендант омаданаш мувофиқи нақшаи худи Степан буд, бо дили пур ба деҳа баргашт.
Аз байн қариб бист рӯз гузашт. Деҳа бе арбоб монд, мардуми деҳа мисли пештара ба кору бори худ машғул буданд. Дар бораи Степан бошад, ҳанӯз ҳар гуна овоза паҳн буд. Рӯзе ба деҳа боз ҳамон ҷонишини комендант афсари ситорахунук омад. Вай мардумро боз ҷамъ карда, дар бораи Степан Сабуров ҳарфе назад ва ба арбобии деҳа одамеро, ки ҳамроҳи худ оварда буд, таъйин кард. Дар деҳа ин мардро баъзеҳо, хусусан сокинони муқимии деҳа хуб мешинохтанд. Вай фарзанди кулак ва дар вақташ бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё