Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Степан! Ба ту чӣ шуд? Магар ақлатро хӯрдӣ, ки вазифаи арбобиро ба зимма гирифтӣ? Охир, фикр накардӣ, ки ба сари оилаи мо чӣ бадбахтие меорад? Акнун мо ба рӯи мардум чӣ хел нигоҳ мекунем, ба гапҳои таъңаовари онҳо чӣ ҷавоб медиҳем? Баъд ин, ки аз Ҳукумати Шӯравӣ чӣ бадӣ дидӣ?

  • Варвара, гӯш кун, - гуфт Степан бо оҳанги илтиҷоомез.

  • Гӯш кардан намехоҳам, фаҳмидӣ, намехоҳам!

Степан асабонӣ шуда, гӯё табларза гирифта бошад, аъзои баданаш ба ларза даромад ва фарёд карда гуфт:

  • Охир гӯш кунед, Варвара Михайловна, педагоги муҳтарам! Барои ба он дунё рафтани ман фақат як калимаи «не» бас буд ва ҳозир хабари маргамро мешунидеду халос, лекин ман фарзанди ватани худам ҳастам ва набояд ба осонӣ ҷон диҳам. Ман бояд мубориза бубарам, фаҳмидед, мубориза! Дар ин ҷанги хонумонсӯз ғайр аз тиру туфанг ҳилаву найрангро ба кор бурдан даркор...

Варвара ба хашм омадани шавҳарашро дида фаҳмид, ки дар ҳақиқат Степанро маҷбуран арбоби деҳа таъйин кардаанд. Чӣ ҷои тааҷҷуб, парронданашон низ мумкин буд: фашистон, хусусан «СС»-чиён инро кори дилхушкунанда медонистанд ва барои як гапи беҳуда одамро, хоҳ вай хурд, хоҳ вай калонсол бошад, рӯирост паррондан мегирифтанд. Варвара бо нармӣ ва мулоимат гуфт:

  • Ман бовар мекунам, Степан, лекин дертар, - ҷавоб дод Степан, - ҳоло сабр кун, баъд пушаймон мешаванд.

Зану шавҳар ба хона даромаданд. Духтарчаҳош Галя ва Надя - яке хонандаи синфи сеюм, дигаре хонандаи синфи панҷум, кадом як китоби суратдорро варақ зада, механдиданд.

  • Андрейка канӣ? - пурсид Степан.

  • Дар паси дари ҳавлӣ, - ҷавоб дод Варвара.

пешина
аз 349
навбатӣ