Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

чакалакзор мешитобид, Володя бошад, шамшери бараҳнаро дар болои сараш чарх занонда «душманашро»
таъқиб мекард. Ба чакалакзор даромада, аз рӯи аспҳо фаромаданд. Аввалин шуда Володя ба гап даромад.

  • Ман фирефта шуданамро баъдтар фаҳмидам, падар, лекин дудила шуда, ба тарафи шумо нагузаштам, гумон кардам, ки сурхҳо гуноҳамро намебахшанд...
  • Гапи беҳуда, писарам, - гуфт Михаил, - ҳоло ҳам сари вақт аст.
  • Пас, маро ҳамроҳи худ гирифта мебарӣ?
  • Албатта, писарам.
    Ҳамин тавр Володя ба тарафи Аскарони Сурх гузашта, муддате ба муқобили гвардиячиёни сафед далерона ҷангид, сазовори эҳтироми умум гардид. Лекин умраш кӯтоҳ будааст: дар яке аз ҷангҳо аз чаккааш тир хӯрда, ҳалок гардид...
    Миша-бобо ҳангоми сӯҳбат бо Степан борҳо номи Василийро ба забон оварда, аз далерию матонати ӯ гап мезад ва афсӯс мехӯрд, ки ҳамин хел як ҷавони ҷасуру ақлаш расо пеш аз маврид ҳалок гардид.
    Ҳикоятҳои ӯ дар бораи Ворошизову Будённий ва дигар қаҳрамонҳои ҷанги гражданӣ низ шавқовар буданд.
    Инак, Миша-бобо дар чунин як лаҳзаи барои Степан басе нохуш, ки «сари калобаро гум карда» гаранг шуда буд, вохӯрд. Степан бо сари хам дақиқае фикр карда, баъд гуфт:
  • Бале, обер-лейтенант бо ман хеле сӯҳбат карда, аз ҳаллоҷӣ гузарониду сониян арбоби деҳа таъйин намуд. Ҳарчанд ланг буданамро сабаб нишон дода, «аз ӯҳдаи ин кор намебароям» гуфтам, нашуд... Дидам, ки таппончаашро бароварда, рӯи миз гузошт ва агар қатъӣ «ман ин вазифаро ба зимма намегирам» мегуфтам, лаънатӣ ҳамон лаҳза мепарронд. Пас ноилоҷ дам ба дарун зада хомӯш шудам...
пешина
аз 349
навбатӣ