Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

фикру зикри сокинони деҳа лозим не: фармон медиҳему бас. Онҳо бояд ҳатман иҷро кунанд. Фаҳмидед?
Сабуров:

  • Фаҳмидам, ҷаноби комендант.
  • Гапам тамом, - гуфта комендант аз ҷой хест ва аз паси тиреза ба берун назар кард. Дар майдончаи рӯ ба рӯи шӯрои деҳа одами бисёреро ҷамъ карда буданд, ки магали онҳо комендантрӯ маҷбур намуд гуфтугӯяшро бо Степан Сабуров тезтар анҷом диҳад.
    Вай ба политсаю гестапочиён, инчунин Степан нигаронида гуфт:
  • Канӣ, ба берун!
    Комендант дасти чапашро ба қафо бурда ва бо дасти росташ аз поёнтари гиребони гимнастёркааш дошта, ба кибру ғурур аз дар баромад. Аз паси ӯ дигарҳо низ баромаданд. Комендант дасти росташро баланд бардошта, нидо кард:
  • Хомӯш! - ва вақте ки ҳама хомӯш шуданд, ба гапаш сар кард: - Дар ҳамаи ҷойҳое, ки армияи фюрери бузург ишғол кардааст, тамоми тартиботи Ҳокимияти Шӯравӣ бекор ва минбаъд тартиботи нав, қоидаю қонунҳои фюрер ҷорӣ карда мешавад. Ҳар касеро, ки бо қоидаю қонунҳои Империяи Германияи бузург итоат намекунад, ё ки муқобилат нишон медиҳад, сахт ҷазо медиҳем: мепарронем, ба дор меовезем! Аз ҳамин рӯз эътиборан дар деҳаи шумо ба ҷои шӯрои деҳа управа ҳукмронӣ мекунад, ки сардори он арбоб мебошад. Арбоб бошад, ба комендант итоат мекунад.
    Ба вазифаи арбоби деҳа мо Степан Сабуровро таъйин кардем, фармонҳои ӯ барои шумо қонун аст.
    Комендант лаҳзае хомӯш шуд ва ба издиҳом бодиққат чашм дӯхта, баъд пурсид:
  • Кӣ чӣ гуфтан мехоҳад? Ҳама хомӯш буданд.
    Ниҳоят пас аз чанд дақиқа зане аз байни издиҳом овоз бароварда пурсид:
пешина
аз 349
навбатӣ