Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Мустафо Шарқӣ (Назаров) 11 октябри соли 1920 дар оилаи косиб дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор (имрӯз мансуб ба ноҳияи Шаҳринав) ба дунё омадааст. Бояд гуфт, ки то замони инқилоб Қаротоғ яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ дар Бухорои Шарқӣ ба шумор меомад. Бахусус, дар ин маҳал косибирӣ ва илму фарҳанг мақоми баланд дошт. Дар ин мавзеъ то инқилоби болшевикӣ мадрасаҳо ва дар назди масҷидҳо макотиби зиёде амал мекарданд. (Дар омади гап гуфтан лозим аст, ки шояд ба сабабҳои мазкур дар ваҳлаи аввали ташкили Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон ба сифати пойтахти нахустини давлати тоҷикон интихоб шудани деҳаи мазкур дар назар буд).
Ва Мустафо Шарқӣ аз падари бофандааш меҳр ба меҳнату ҳунар ва аз модараш, ки аз бонувони босавод ва соҳибтадрис буд, муҳаббат ба китоб, хондан ва эҷоди бадеиро мерос гирифтааст. Чанд муддат дар мактаби кӯҳна ва баъд дар мактаби нави шӯравиҳо таҳсил кардаву хатту савод баровардааст. Вай ҳам аз улуми динӣ ва ҳам адабиёти классикии тоҷикӣ огоҳии зарурӣ доштааст, ки аз навиштаҳои минбаъдааш ин чизро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Мустафо Шарқӣ пас аз хатми мактаби деҳа таҳсилро дар омӯзишгоҳи саноатӣ идома медиҳад ва то охири солҳои 30 дар касби интихобкардааш ва ба сифати корманди адабии рӯзномаи ноҳиявӣ дар Норак ифои вазифа менамояд. Соли 1940 бошад ба сафи артиши шӯравӣ даъват мешавад ва танҳо соли 1946 ба диёри худ бармегардад. Вай иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашизми Германия аст, ки тамоми муддати ҷанг ба ҳайси артиллерист дар сангрҳои набарди оштинопазир иштирок карда, азобу сахтиҳои зиёдеро паси сар гузоштааст. Нақши муассири дидаву басарбурдаҳо ва оқибатҳои ҷангро чӣ дар эҷодиёти вай ва чӣ дар рӯзгори шахсиаш ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

пешина
аз 349
навбатӣ