Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҲИЛАИ МАМЛАКАТ
Бо шунида шудани садои занг ҳама ба танаффуси калон баромаданд. Фақат Адолат дар синф танҳо монда, сарашро аз рӯи китоби арифметика ва дафтар намебардошт. Кас намуди қатъии чеҳраи ин духтараки гандумгуни кулчарӯйро дида, гумон карданаш мумкин буд, ки вай ҳоло дуруст ҳал карда шудани вазифаҳои хонагиро аз фанни арифметика боз як бори дигар санҷиданӣ аст. Аммо... ана, вай аз ҷояш бархеста, ба атроф саросема-саросема назар афканд ва ба набудани дигарон боварӣ ҳосил намуда, ба назди партае омада қарор гирифт. Ӯ бо як ҳаракати ғайриоддӣ китобу дафтарҳои дар он ҷо, дар рӯи парта гузошташударо тез-тез варақ задан гирифт. Дар ҳамин асно садои помонии касе аз роҳрав шунида шуд ва Адолат аз саросемагӣ китобу дафтарҳоро аз дасташ афтонд. Вай мехост, ки онҳоро зудтар аз рӯи фарш бардошта, ба ҷояшон монад, вале дер шуд: ба синф Мамлакат даромада омад.
-
Ту ба берун, ба ҳавои тоза намебарой? - пурсид Мамлакат, мӯйҳои дарози дуто карда бофта шудаашро ба пушти сар партофта. - Бачаҳо як бозии аҷоиб фикр карда баромадаанд...
-
Не-е... Ҳа, ҳа, мебароям, - гуфт Адолат саросема шуда. Вай бо қирраи чашм ба дафтару китобҳое, ки афтода буданд, як назар карда, торафт сахт зада истодани дилашро ҳис менамуд ва сурху сафед мешуд. «Агар дида монад, чӣ мегуфта бошад» - гузаронд Адолат аз дил ва чашм ба чашми Мамлакат вохӯрда, аз шарм сарашро ҳам кард.
-
Ин чӣ? - пурсид Мамлакат китобу дафтарҳои дар рӯи фарш хобидаро дида монда.
-
Китобу дафтарҳои ман-ку.
Адолат хомӯш буд, вай ҳатто ба рӯи ҳамсинфаш дуруст нигоҳ карда наметавонист. Мамлакат китобу дафтарҳояшро аз рӯи фарш бардошта, бо тааҷҷуб кифтҳояшро дарҳам кашид.
-
Ман... Ман... - гуфта монд Адолат бо овози хира.
-
Чӣ ман? Гап зан!
-
Баъди танаффуси калон дарси арифметика мешавад, вале ман вазифаҳои хонагиро тайёр накардаам...
-
Онҳоро аз дафтари ман рӯбардор карданӣ будӣ?
-
Охир, дигар илоҷе надоштам, - ҷавоб дод Адолат.
-
Агар масъалаҳои коркардаи ман хато бошанд-чӣ? - боз пурсид Мамлакат.
-
Бигузор, дугона, - гуфт Адолат, аз ин суханони Мамлакат хурсанд шуда. - Ба ҳар ҳол вазифаҳоро кор кардааст, мегӯянд-ку!
«Аз дафтари дигарон рӯбардор кардани вазифаҳои хонагӣ ин кори хуб нест, худи кас меҳнат кунад - гапи дигар», - фикр кард Мамлакат.
-
Не, дугона, - гуфт Мамлакат хоҳиши Адолатро рад карда, ман гуноҳ кардан намехоҳам.
-
Куҷои ин гуноҳ будааст? - пурсид Адолат мушавваш шуда. - Охир, ҳар дуи мо дӯст-ку!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё