Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо роҳи бешаро пеш гирифтанд: писарбача пеш-пешу фашистон аз қафо.

Ҳангоме ки онҳо ба канори сой расиданд, политсай писарбачаро аз роҳ боз дошта, пурсид:

  • Кани лагери партизанҳо?

  • Дар он тарафи сой, боз як километр барин роҳ монд, - гуфт Ҳирко.

Отряди ҷазодиҳанда боз ба роҳ даромад. Дар вақти ба сой фаромадан писарбача лаб-лаби ҷарӣ, ки қад-қади он буттаю дарахтон зич рӯида буданд, роҳ мерафт. Баногоҳ ӯ пешпо хӯрд ва «вой, ман афтидам!» гӯён фарёд бароварду ба ҷарӣ афтид. Ин садои огоҳкунанда буд. Лаҳзае нагузашта аз чор тараф садои тири автомату пулемётҳо баланд шуданд.

Душманон фиреб хӯрданашонро фаҳмиданд, лекин акнун дер шуда буд. Партизанҳо отряди ҷазодиҳандаро торумор карда, политсай - ватанфурӯшро зинда дастгир карданд.

Фурсате нагузашта аз байни буттазор лангон-лангон Ҳирко берун омад. Рӯи ӯро шоху навдаҳои буттаҳо харошида, хуншор карда буд. Ҳирко назди партизанҳо ва политсай дастонаш ба пушт басташуда омаду ба ин хоини Ватан бо нафрат нигоҳ карда, гуфт:

  • Ту аз ман хоҳиш карда будӣ, ки ба шумоён партизанҳоро нишон диҳам. Ана онҳо! Марҳамат, гапатро гӯй!- Баъд Ҳирко ба партизанҳо рӯ оварда фаҳмонд:

  • Ҳукамонро ана ҳамин аблаҳ бо зӯрӣ гирифта, бо пошнаи мӯзааш модарамро зада, ду қабургаашро шикаста буд.

  • Ин ватанфурӯш ҷазояшро мегирад! - гуфтанд партизанҳо.

...Аз байн соате нагузашта писарбача боз ба канори беша баргашт ва боз аввала барин замбӯруғҳоро ба рӯи алафзор паҳн карда, мешумурд: «Як, ду, се, чор, панҷ...»

пешина
аз 349
навбатӣ