Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
КАБУТАРОНИ СУЛҲ
Аҷоиб хислате дорад Ҳанифахола. Бе айнак шабро аз рӯз ва рӯзро аз шаб фарқ карда наметавонаду вале ҳамин ки наберааш Ғаюр даркор шуда монд, фавран айнакашро ба даст гирифта ва чашмони бенурашро, ки ба қаъри косахонаашон чӯкида рафтаанд, ба ягон нуқтаи ҳавлӣ дӯхта, фарёд мекунад: «Ғаюр! Ҳой, Ғаюрҷон!»
Агар сабабашро пурсед, албатта ҷавоб медиҳад: «Ғаюрҷонро бе айнак ҳам мебинам... Ҷону ҷигари худам-дия, даррав ба чашмам менамояд».
Ғаюр даҳмоҳа буд, ки модараш Марзия бемор шуд ва ноилоҷ кӯдаки ширмакашро аз сина ҷудо кард. Ҳанифахола ба синну солаш нигоҳ накарда, кӯдакро ба тарбияти худ гирифт, ширу қаймоқ, атолаю ордоб пухта дод, шабро-шаб, рӯзро-рӯз нагуфт, хастагӣ ва бедорхобиро фаромӯш намуда, Ғаюрро парасторӣ кард. «Модарат туро дар бари домани ман зоидааст, барои ҳамин ҳам ту фарзанди ман ҳисоб мешавӣ ва набояд аз гуфтаам берун барой». - мегуфт Ҳанифахола насиҳатомез. Вай аз Ғаюр талаб менамуд, ки тозаю озода гардад, нағз хонад, ба гапи калонсолон гӯш диҳаду фармоишашонро ба ҷо оварад, хурдонро навозиш кунад... Агар ҳамаи таъкидҳои модаркалонро қайд кунед, ба рӯи як варақ коғаз намегунҷад. Ғаюр ба ҳамаи ин гапҳо риоя мекард, бинобар ин ҳам падару модараш хурсанд буданду ҳам модаркалони меҳрубонаш. Лекин инашро ҳам бояд гуфт, ки Ғаюр танҳо дар як масъала - интихоби бозӣ мувофиқи табъи дили худаш амал мекард. Модаркалонаш борҳо гуфта буд, ки бозии футбол - бозӣ не, одамро маъюб мекунад. Беҳтараш бо ягон намуди дигари варзиш машғул шавад. Ғаюр: «хуб шудааст, бибиҷон» мегуфту лекин то замоне, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё