Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
Шоир аз ҷавҳари ҷон шеърро ҷилодор кунад,
Ҳамчу дарё раҳи худ ҷӯяду ҳамвор кунад,
Ӯ сукути дараҳоро шиканад ҳамчу баҳор,
Чашмаҳоро ба хурӯш ораду бедор кунад.
То ки ҳар шеър ба дилҳои дигар роҳ барад,
Шоир аз хуни ҷигар мазҳари ашъор кунад
Ҳама кас замзамаи шеър ба cap дораду лек,
Ӯ ба шамшери қалам шӯраду пайкор кунад.
Шоир аз шеъри касон маънигадоӣ накунад,
Оядаш нанг аз он ҳарф, ки такрор кунад,
Ҷомаи нав натавон дӯхт ба дарбеҳи куҳан,
Аз чунин беҳунарӣ марди ҳунар ор кунад.
Эй ки аз шеъру сухан номи баландат ҳавас аст, Аз дили худ сухане гӯ, ба диле кор кунад.
Рӯи қолини сабза биншаста
Роз гуфтем бо суруди баҳор.
Лек ҳасрат намебарам дар дил
Розҳои нагуфтаам бисёр.
Навбаҳорони аз ҳама зебо,
Пургулу пурумеди ман боқист
Дар дилам шеърҳои ногуфта,
Достони наву куҳан боқист.
Боз дар чашмҳои пурумед,
Шӯълаҳои шарораборам ҳаст,
Дар лабони хомӯши сӯзонам
Оташин шеъри васфи ёрам хаст.
Метавонам, ки бо ту байти хуш,
Боз мафтун кунам ҷаҳонеро,
Боз хушбахт мешавад бо ман
Ҳар яке назанини беҳамто.
Зарраам гарчи дар мақоми хеш,
Ҷуфти ман меҳру моҳ хоҳад шуд.
Ёри ман нозанини беҳамто,
Шӯхи олампаноҳ хоҳад шуд.
Лек дар сина ҷои ту холист,
Дигар он пур намешавад ҳаргиз
Оташи ишқ ҳар касеро сӯхт,
Доғаш аз дил намеравад ҳаргиз!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё