Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷон Стейнбек, чу фарзанди шумо
Сӯи Ветнам пайи хунрезӣ нарафт.

Ӯ нарафт аз паси симу зари муфт,
Ё пайи меваи боғи дигарон
Набуд ӯро тамаъ аз моли касе,
Набуд у марҳаматеро нигаронд...

Бедилу бешарафе хушнуд аст:

  • Мо нагуфтем, ки барвақт ҳануз.
    Панд гӯяд мушаке бо ҳикмат:
  • Ба кӣ даркор само ин шабу руз?

Пурсад андар паси девор нихон:

  • Тавба кардед, аё шаккокон?

  • Аз азал тавбафаромӯшонем,
    Обию оташием мо яксон.

  • Тавба кардем?.. Ватан фармон кард
    Кӯдаку духтари мо тавба накард,
    Павлику Зоя магар таслим шуд?
    Не, не, аз қисмати худ шиква накард,

Аз азал тавбафаромӯшонем,
Зиндагонӣ ба раҳи мо гардад.
Ба ҳамон роҳ, ки ҷон кард нисор
Қудрати одамӣ боло гардад.


Ба ту рӯхи қавӣ, тани солим,
Ба ту сӯзу гудоз мехохам.
Дасти мушкилписанд дар ҳар кор,
Бахти беимтиёз мехоҳам.

Рӯзи кӯтоҳ, бо талоши кор,
Солхои дароз мехоҳам,
Ақли мушкилкушоӣ дар ҳар боб,
Фикрати чорасоз мехоҳам.

Ба ту хони кушодаи эҳсон,
Ба ту дарҳои боз мехоҳам,
Пои ту пойдор дар ҳама кор,
Дасти ту бениёз мехоҳам.

пешина
аз 44
навбатӣ