Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
БОЗ A3 РОЗҲОИ МАҲТОБЙ
Шом аз сояхои нилобӣ
Хайма бар рӯи пахтазорон зад,
Бар машомам насими бегоҳӣ
Накҳати кокулони ҷонон зад.
Ман дар оғуши хотироти дур
Мегузаштам аз ин раҳи саҳро,
Дар сари роҳи ман тарозудор
Пахта бар мекашид бо ғавғо.
Нарму оҳиста аз канори руд,
Хандаи дилбарона меомад,
Аз ҳама сӯй нағмаҳои шӯх
Мавҷҳои тарона меомад.
Пахтачин духтарони хушгуфтор
Аз муҳаббат тарона мехонданд,
Дили манро ба ҷӯш оварда,
Ғазали ошиқона мехонданд.
Боз ёди нигори дерина,
Оташ афрӯхт дар тану ҷонам.
Рози кайҳо нагуфта монда ҳанӯз
Шӯр афганду кард ҳайронам.
Боз дар банда ишқи деринам,
Боз дар байни пахтазоронам.
Орзуҳои рафтаам аз нав
Аз куҷо зинда шуд, намедонам.
НИМИШАБ
Нимишаб буд дар канори рӯд
Нағма cap кард марди нобино.
Нолаи дилхарош оҳиста
Рехт дар ҳам сукунати шабро.
Дар фазои хомуши кӯҳистон
Нолаи най ба дард мелағжит.
Дар сукути замини симобӣ
Шӯълаи қалби мард мерақсид.
Нимишаб найнавози нобино
Ранҷи дилро ба нағма мепардохт
Ӯ ба оҳанги найу савти руд
Дар дили шаб сурур меандохт.
Дар сари ӯ ҳавои ёди кист,
Сози ӯро кӣ сӯзи ҷон додаст?
Машъали шеъри кист дар дили ӯ,
Ё ки сайди кадом сайёд аст?
Кист имшаб зи нағма беором
Дар дили нимашаб кӣ бедор аст?
Кист дар печу тоб афтода,
Кӣ аз ин нағмахо дилафгор аст?
Шарфае ногаҳон ба гӯш омад,
Ё ки ногаҳ насим бол афшонд,
Сози пурсӯз аз наво афтид,
Моҳ бар китфи кӯҳ cap мемонд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё