Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
МАСЛИҲАТ
Дар баробар бо қадат қад ёфтӣ,
Лоиқат аммо диле пайдо нашуд.
Ёри ҳамдасту ҳамилҳон кофтӣ,
Як замон бозори ҳуснат гарм буд.
Пеши ту сад бор қурбон мешуданд,
Саҷда бар хоки қудумат доштанд.
Дар сухан дарёи паймон мешуданд,
Аз паси ту лек ғайбат доштанд.
Дил ба ваъда додиву ҳазёни пуч,
Лек он гулҳо ҳама бебор буд.
Теғ зад бар синаат паймони пуч,
Бар ту изҳори вафо озор шуд.
Ҷои гул гар бар кафат хоре задаст,
Ин қадар аз умр домангир ту?
Ноҷавонмарде умедатро шикаст,
Пас чаро аз зиндагӣ дилгир ту?!
Ҳаст дилхоҳи ту, эй гул, ҳар куҷо
Якдилу якқавл, ёри бовафо.
Номи неку хулқи шево боядат,
То ки он озода ҳам хоҳад туро.
СУРАТ
Ба нигоре, ки аз ин сафҳа ба ман менигарад
Ҳеҷ кас чун мани дилдода гирифтор набуд.
Ҳар яке дошт умеде дили ӯро бубарад,
Лек монанди манаш ташнаи дидор набуд.
Дар муҳаббат ба ҳама толеи хуш ёр нашуд,
Ҳеҷ кас варна чу ман ошиқи дидор нашуд.
Ба муҳобот зи чарх ахтараш орам, ки чи суд,
Рафт ӯ бо дигаре, ёри мани зор нашуд.
Нигарам сурати ӯ, ёди ман ояд ситамаш, Солҳо рафтаву доғаш наравад аз дили ман, Ин варақ пеши назар оварадам он оташ, Ки дар он сӯхт ҳама кишти ману ҳосили ман...
Боз дил дидаву ошиқ шавам, аммо ба чаҳон Ба чунин сӯз дигарбора тапидан нашавад, Бо пару боли муҳаббат, ки буридаст нигор Метавон зист, вале ҳеҷ паридан нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё