Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
Ман аз ту ёфтам худро дигар бор,
Ман аз ту ёфтам аз нав ҷавонӣ.
Хотироте зи рӯзҳои дур
Менамоянд ҳар нафас сад роз
То набошад ҳама фаромӯшам,
Рафтаро ёд оварандам боз.
Селаи рӯзҳои бигзашта
Менамоянд дар назар такрор.
Лек чашмони боғбон бинад
Фарқи гулҳои ин баҳор аз пор.
Чист ҳар рӯзи рафтаам? - Ибрат,
Сабақу дарсу огаҳӣ будаст,
Додам аз даст ҳар баҳорамро
Бо умеде, баҳори дигар ҳаст.
Дар раҳи қуллаҳои дур имрӯз Ҳар хато як аломати роҳ аст.
Як нишоне за танбеҳи сахте, Як хитобе ба ҳар гузаргоҳ аст.
БЕГОНА
Нигоҳи дилшикори ту куҷо шуд?
Рухи чун лолазори ту куҷо шуд?
Ҳам аз ман, ҳам ба худ бегона гаштӣ,
Ғурури ту, виқори ту куҷо шуд?
Ту хушрӯ будиву хушҳол будӣ,
Кабӯтарбаччаи навбол будӣ.
Саропо ҳусни дилҷӯю мубарро,
Аҷаб, хушбахту хушаъмол будӣ.
Дили худро ба ту тақсим кардам,
Сари шӯридаам таслим кардам.
Нигоҳи ту ба ҷонам кард тӯфон,
Чу шохе сӯи ту таъзим кардам.
Туро бедарду беғам дидам он рӯз,
Азоби ишқро санҷидам он рӯз.
Дили бесабри ман чун кӯдаке буд,
Зи бемеҳрии ту ранҷидам он рӯз.
Чӣ бедардем мо мардон ба дунё,
Чаро ранҷем аз ёрони дилхоҳ?
Чаро худ қадри ӯро кам шиносем,
Сипас бо ёди ӯ сӯзем ҳар гоҳ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё