Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дидан мехоҳам Албурзро
Ва Загреси сар ба осмонро
Ва Дамованди баланд
Чун Шоҳи Тирандози Бадахшонро,
Ганҷҳои Шерозрову Нигористонро
Ва Осорхонаи Осори Бостонро,
Машҳаду Теҳрону Исфаҳонро
Ва мулки орзуҳоям -Хуросонро.
Эй орзуи ҷовидон, эй Эрон!
Эй пайванд ба ҷон,
То намирам пурормон,
Маро ба дидорат расон.
феврали 2004

ДАР ОРОМГОҲИ
СӮҲРОБИ СИПЕҲРӢ
Ба суроғи ман агар меоед,
Нарму оҳиста биёед.
Мабодо, ки тарак бардорад
Чинии нозуки танҳоии ман.
(Катибаи мазори Сӯҳроби Сипеҳрӣ)

Ба суроғи ту зи дур омадаам,
Нарму оҳиста,
Вале бо лаби пур аз афғон.
Бо дили пурисён.
Войи он марг,
Ки бурдаст туро
Бемаҳалу сабзу ҷавон.
Оҳ, Сӯҳроби Сипеҳр,
Оҳ, шаҳзодаи меҳр,
Оҳ, дилдодаи шеър,
Деҳи Кошони ту сарсабзу кӯҳистон
Чу Шуғнони ман аст.
З-ин сабаб шеъри хушат
Зодаи армони ман аст.
З-ин сабаб ҳарфи туро хонаму гӯям,
Ки бале, они ман аст,
Они ман аст!
Эй чаро зуд аз ин даҳр сафар бинмудӣ,
Ё дар он даҳр азизе ба раҳат маътал буд?
Бо гули навчида,
Ё гули хушкида…
Оҳ, рафтиву шудам ғарқ ба оби дида.
сентябри 2004

ДИДОР БО СИМИН

Хонандаи клосси саввуми дабистон будам, ки дар рӯзномае шеърҳои шоираи шигарфистеъдоди Эрон Симини Беҳбаҳониро бо акси зебояш дидам. Ҳама шеърҳояшро дар зеҳнам ҳифз кардаму як байташро дар пушти «Китоби хониш», ки ин буд:
Нилуфари шабнамзадаи соҳили рӯдам,
Кас ҷома напӯшид зи дебои кабудам.
Бо тамоми ҳиссиёти кӯдаконаам шефтаи шеъри Симин гардидам. Ба зери вожаи «нилуфар» хате кашидам. Ва дигар ҳама умр ҷӯёи нилуфари шабнамзада
— Симини нозанини шеър будам. Ва ҳангоме, бо хости Худованди меҳрубон, нӯҳуми моҳи августи соли 2004 ба дидори нуронии Симин дар Эрон, дар ҳалқаи хонаводагиаш расидам, аллакай ҷигарбандам - Нилуфари зебоям хонандаи клосси саввуми дабистон буд. Он гоҳ ин ҳарфҳо барои Симин гуфтам:

пешина
аз 82
навбатӣ