Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САРЗАМИНИ ГАНҶУ РАНҶ
(Дардномаи бевазну беқофия)

Афғонистон,
Эй қалби Осиё,
Эй сарзамини пур аз ганҷ,
В-аз ганҷат надида ҳеҷ,
Ҷуз ғам,
Ҷуз дард,
Ҷуз ранҷ.
Оре, ки таърихи ту пур аз даҳшату ҷанг аст,
Таърихи ҷоннисориҳо
Барои ҳифзи нанг аст.
Ҷанги тӯлонӣ,
Муқовимати зидди аҷнабиён,
Дар муқобили
Аввал муғул, пас турк, пас инглис,
Пас дигарон
Ва ниҳоят толибон.
Ва ғолиб омада ту охири охирон
Бо нерӯи рустамонаи
Қаҳрамони миллии Афғонистон,
Шери Панҷшер,
Шаҳиди роҳи озодӣ ва истиқлол
Аҳмадшоҳи Масъуд
Ва дигар родмардон.
Ва ҳамрайиву кӯмаки Амрикову
Бритониё
Ва иттиҳоди мамолики мубориз,
Ки шояд кӯмак аст, шояд дигар чиз!
Валек дар ҳар сурат ҳам
Пирӯзӣ муборак бод!
Эй кишвари ҷангзада,
Эй саросар харобиву хисорот,
Эй паланги захмии кӯҳистон,
Эй, ки натавониста нерӯе
То бишканад нерӯят,
Бо ҳама ҳамлаҳо сӯят
Ва бераҳмона харошидани рӯят.
Оре, пирӯзӣ муборак бод,
Эй қаринтарин ҳамсоя,
Эй кишвари пурганҷ,
Валек пурранҷ,
Эй паланги захмии кӯҳистон,
Афғонистон!
апрели 2005

ШЕЪРГУНАИ МЕҲР

Эй Эрон!
Эй сарзамини бостон,
Эй вожаи нарм чун найсон
Ва навозишгари рӯҳи ман
Чун борон.
Ман як ошиқи туям,
Дилдодае аз пояи офтоб,
Аз саргаҳи Тоҷикистон.
Оҳ, чи сон дидан мехоҳам туро,
Аз дур не, аз наздик,
Бишнидан мехоҳам туро,
Аз дур не, аз наздик
Чун ҷонон!

пешина
аз 82
навбатӣ