Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Ноҷӯрам кард, гарчи машҳурам кард.
Ин ҷо манаму ҳамешагӣ ёди ҳазин,
Ёди пури ҳузн сахт ранҷурам кард.
Дурӣ зи насаб аҷаб гарон аст, эй бод,
Бо сад чаманаш ба ман хазон аст, эй бод.
Пайвастаи сад касу ҳазорон нокас,
Вобастаи бадтарин ғамон аст, эй бод.
Эй бод, ки панҷа мезанӣ бар дари ман,
Пайғом магар биёрӣ аз модари ман?
Дар мавҷи ту савти пасти «Даргилик» аст,
Сӯзондияму бибар ту хокистари ман.
июли 2003
ПУШАЙМОНӢ
Санге бигиру бар сари ман бишкан,
Санге зи сангҳои кӯҳистонам.
Ки рафтаам ба ҷониби шаҳристон,
Дунболи орзуяму армонам.
Санге бигиру бар сари ман бишкан,
Ки лоиқам дигар ба ҷазое сахт.
Войи мани гурехта аз тақдир,
Аз зодгоҳи хеш бичида рахт.
Ғофил аз он, ки тахти ману бахтам,
Санги сабури мулки кӯҳистон аст.
Ғофил аз он, ки шеъри музофотӣ
Ҳамрози рову чукриву торон аст.
Санге бигиру бар сари ман бишкан,
Ки умр рафту зор шудан дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё