Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар меравӣ, охир ба кадом рӯй пас оӣ?
Ин манзара шармандатарин саҳну навор аст!
Эй ёр, ту эй ёри пур аз нозу ниёзам,
То ҳол надонӣ, ки маро сахт мадор аст.
Ин рафтани новақти ту айёми наҳор аст,
Ин рафтани то шоми наву фасли хумор аст.
январи 2005

БА КӢ ГӮЯМ?

Ман рози ниҳон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
Аз ранҷи замон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
Аз хории худ, зории худ, ёрии ношуд,
Аз ҷабри касон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
Аз он, ки надорам ҳунари зистан имрӯз,
Аз сустии ҷон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
Аз он ки кунун давр ба коми ғару ғук аст,
Аз зиштии шон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
Дам кардаам аз оҳу кафидан шуда наздик,
Аз сабри гарон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
Танҳо туиву тоқати бишниданамат аст,
Раъно, зи ғамон бо ту нагӯям, ба кӣ гӯям?
августи 1996

БИЁ, ТО НАРАВАМ

Дигаре моили ман аст, биё, то наравам,
Хостгори дили ман аст, биё, то наравам.
Ту сухандон наиву ин ба суханпардозӣ
Булбули ноқили ман аст, биё, то наравам.
Решааш аст агарчӣ зи табори шоҳон,

пешина
аз 82
навбатӣ