Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳарчанд хонадораму саршори баргу бор,
Хоҳам, ки хонадор шавам дар диёри ту!
феврали 2005

ТО ФИТР НАЁ

Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бо рӯзахӯрон хоҳиши гуфтор надорам.
Хоҳам, ки ба сӣ рӯз ҳаме гушна нишинам,
Аз гушнагиям шикваю озор надорам.
Зеро ки гуноҳони ман аз мӯй фузун шуд,
Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам.
Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту,
Ман вақт ба шайтони гунаҳкор надорам.
Аз чор ҷиҳат нафси ҳаромам ҳама қулф аст,
Рағбат ба касе ҳаргизу зинҳор надорам.
То фитр наё, ёр наё пештар аз ид,
То фитр ҷуз аз тавба дигар кор надорам.
Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам,
Бас, бас, ки дигар фурсати такрор надорам.
январи 2005

ТО ФАСЛИ ХУМОР АСТ

Ин рафтани новақти ту он рафтани пор аст,
Ин рафтани то во шудани ғунчаи нор аст.
Бас тавба бигӯ, ки биравӣ то ба қиёмат,
Ин рафтани ту рафтани то фасли хумор аст.
Рафтан зи ман осону вале тоқати онро
То дер муяссар на ба ҳар марди баор аст.
Гар сахт чу оҳан бувад он лаҳми дили ту,
Ҷисмам ҳама миқнотиси оҳанкаши зор аст.

пешина
аз 82
навбатӣ