Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Ишқи ман дар деҳа монд,
Ишқи сӯзони хамӯшам,
Ишқи беҷӯшу хурӯшам,
Ишқи беҳарфу сурӯшам,
Ишқи поки мактабӣ.
Ишқ, ишқе, ки фақат он ишқ буд,
Ишқи танҳо ҳамдигарро гоҳ-гоҳ
Аз дур дидан,
Пас рамидан,
Пас барои як нигоҳ
Дар худ чи рӯзоне тапидан.
Ишқи беолоише буд,
Ишқи поки матлабӣ.
Ишқи ман дар деҳа монд,
Бо яке деҳқонписар,
Ки нахонда ҷуз намозаш,
Ҳеҷ донишгоҳи дигар.
Оҳ, ишқаш чун шуураш
Пок буду тоза буд,
Ишқи поки мазҳабӣ.
Шаҳр рафтам, гашта шаҳрӣ,
Шаҳрии қишлоқие!
Дид тақдирам раво
Ишқи марди дигареро,
Ишқи поки мансабӣ.
Лек дар ёдам ҳамоно
Ишқи сӯзони хамӯшам,
Ишқи беҷӯшу хурӯшам,
Ишқи беҳарфу сурӯшам,
Ишқи ғайримансабӣ,
Ишқи поки мактабӣ,
Ишқи поки матлабӣ,
Ишқи деҳқонбачаи деҳотие,
Ишқи поки мазҳабӣ!
августи 2005
ЛАҲҶААМ ФОШАМ КУНАД
Шонаҳоят такягоҳам, шеъри ман,
Шонаҳоят гирягоҳам, шеъри ман.
Ман дар ин шаҳрам ғарибу бепаноҳ,
Шонаҳоят сарпаноҳам, шеъри ман.
Ҳар қадар, ки ҷаҳдҳо чошам кунад,
Боз боде ояду пошам кунад,
Ҳар қадар гӯям манам аз нокуҷо,
Лаҳҷаи деҳотиям фошам кунад.
майи 2005
АРМОНШИКАНОН
Эй дӯст, биё имрӯз армоншиканон дорам,
Дар ҷону ҷаҳони худ ман ганҷи ҷаҳон дорам.
Шаҳбаччаи зебоям бар тахти шаҳӣ биншаст,
Дар хонаи танги худ ман базми каён дорам.
Эй дӯст, биё бо ҳам шодиву ҷунун бинем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё