Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Наӣ он, бигӯ ин шабаҳ кист, эй дӯст?
Набудӣ чунин ту, куҷои ҳамин ту?
Чунин омаданҳо зи ту нест, эй дӯст.
Туро ҷони ҷонон, будам сахт пазмон,
Сазоям чунин бенамудист, эй дӯст?
Кӣ буду кӣ гуфтат, ки бо ман ситезӣ,
Надонӣ магар ин ҳасудист, эй дӯст.
Алайкум нагӯям ба ассоми тундат,
Алайкам ҳамоно суҷудист, эй дӯст.
Ту, эй хеши Ҳурмуз, машав ҳеҷ Ҳурмос,
Ки Ҳурмос гаштан на ҷудест, эй дӯст.
Саломат агарчӣ яҳудист, эй дӯст,
Ҷавобам бароят суҷудист, эй дӯст.
августи 2005
ТУРО, ЭЙ ҲАМФАРОЗИ МАН
Туро, эй баччаи Помир, умре дӯст медорам,
Туро, эй чобуку нахчир, умре дӯст медорам.
Туро, ҳарчанд гаштам пир, умре дӯст медорам,
Туро, ҳарчанд гаштӣ пир, умре дӯст медорам.
Туро эй ҳамнамози ман, туро, эй ҳамфарози ман,
Туро, тафсири бетафсир, умре дӯст медорам.
Туро, эй ҳамзабони ман, туро эй ними чони ман,
Туро, эй шамси ахтаргир, умре дӯст медорам.
Басо таҳрир дидам ҳам, ҳамоно нуқсҳо дорам,
Туро, эй марди бетаҳрир, умре дӯст медорам.
Чи ишқи бемаҳал гӯям, чи ҳарфи пурхалал гӯям,
Туро, то дер бетағйир, умре дӯст медорам.
Кӯҳистонӣ, кӯҳистонӣ, кӯҳистонии исёнӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё