Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман агар гули анорам,
Ман агар пур аз баҳорам.
Агар аз дигар диёрам,
Ту ба ман чӣ кор дорӣ?

Ман агар пури гуноҳам,
Пури айбаму табоҳам,
Ба Худо супур паноҳам,
Ту ба ман чӣ кор дорӣ?
марти 2006

БИЁ, ЗИ РАФТА МАГӮ

Биё, зи ҷангу зи хуну зи марг ҳарф магӯ,
Зи офтоб бигӯ, қиссаҳои барф магӯ.
Зи ваҳдати нави шоху ҷавонаҳо мегӯ,
Зи умри рафтаву аз решаҳои жарф магӯ.
Фақат зи исм бигӯву зи навъҳои сифат,
Зи феълу ҳоли замону макону зарф магӯ.
Ҳар ончи буд, гузашт, зикри он макун ҳаргиз,
Магӯ, магӯ зи ҷавонии гашта сарф, магӯ.
Ба ҷуз аҷибу наҷибу ба ҷуз гувороӣ,
Ба ҷуз ҳадиси хушу қиссаи шигарф магӯ.
Фақат бигӯй, ки оянда пур зи хубиҳост,
Зи ҳар канору зи ҳар сӯву самту тарф магӯ.
Биё, зи рафта магӯ, ҳарчи рафт, мон, ки равад,
Фақат зи исм бигӯву зи ҳолу зарф магӯ!
августи 2006
ҲАРФИ ТУ ДИЛНАВОЗУ ДИНӢ АСТ
Ин қадар ҳарфи ту заминӣ аст,
Ҳарфи зебои ёсаминӣ аст.
Шеваи ҳарф гуфтанат, эй дӯст,
Шеваи хуби ангубинӣ аст.
Дар сарат тоқии бадахшонӣ,
Куртаат, лек моли чинӣ аст.
Омадӣ аз «Раҳи бирешим» ту,
Омадат амнро аминӣ аст.
Лаҳҷаат-лаҳҷаи кӯҳистонӣ,
Лаҳни ширини хуштанине аст.
Рӯи ту, эй азизи хуршедӣ,
Ин қадар дилнавозу динӣ аст.
Лек гарчи рухи ту хуршедист,
Боз ҳам ҳарфи ту заминӣ аст.
декабри 2005

ТУРО ХАБАР НАКУНАД
Дигар нигоҳи ман аз пушти ту сафар накунад,
Фурӯғи нилии худ боз дарбадар накунад.
Дигар зи кӯчаи пурсангу хори кӯҳистон,
Дилам, қасам, ки бари диданат гузар накунад.
Дигар ба қоғази ҳамроз боз хомаи ман,
Ба номи ту сухане ҳеҷ гоҳ сар накунад.
Дигар ба хотири будан фақат, фақат бо ту,
Хаёли ман сафари хеш мухтасар накунад.
Дигар ту дониву ёрат, дигар ману шеърам,
Агар нави ту вафо мекунад ва гар накунад.
Чунон, чунон зи ту ранҷидаам, ки аз сари қаҳр,

пешина
аз 82
навбатӣ