Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бишкаста, равон шудам дигар сӯи фано,
Тақдир, валек, боз тадбирам кард.
Эй бехабар, ин қадар талоши ғалатат,
Таҳрирам кард, баски таҳқирам кард.
Оре, ҳарфат агар чунин пирам кард,
Гарчанд бурун зи кӯҳи нахчирам кард.
Пазмони абад ба номи Помирам кард,
Хуш бош, талоши ту ҷаҳонгирам кард.
августи 2006

АЗ ВАҲДАТИ МОВУ ТУ

Эй дӯст, нигар акнун оина чӣ мегӯяд,
Ин қалби шуда эҳё дар сина чӣ мегӯяд.
Бингар сӯи оина, з-ояндаи ту гӯёст,
Бар хотираҳо бингар, порина чӣ мегӯяд.
Гуфтам, ки бикун ваҳдат, к-он аст салоҳи кор,
Кардиву нигар, хайле аз кина чӣ мегӯяд.
Аз ваҳдати мову ту дунё шуда пур аз ганҷ,
Имрӯз, нигар акнун ганҷина чӣ мегӯяд.
Меъроҷ кунам бо ту, чун зина фароҳам шуд,
Дар азми уруҷи мо ҳар зина чӣ мегӯяд?
Мардона ту боло шав, то авҷи сурайё шав,
Пас бин, ки ба мардият мардина чӣ мегӯяд.
Имрӯз шунав, эй дӯст, Раъно, ки зани хушрӯст,
Дар рӯзи ҳумоюни одина чӣ мегӯяд!
августи 2006

ТАРОНАИ ХОНУМИ АФҒОНӢ

пешина
аз 82
навбатӣ