Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Қурғану Суғду Данғара, Хоруғу Ғарми ман чӣ шуд?
Халқи маро ба ҷон расонд, шукр, Худо варо рамонд.
Дар чамани хазоншуда боз баҳор ҳукм ронд.
Дӯст, чӣ оҷизӣ кунем, хезу муборизӣ кунем.
Ваҳдати хешро дигар хуб муҳофизӣ кунем!
июни 1996
ТУ, ЭЙ УСТОЗ, ЭЙ МОДАР
Ту мегӯӣ, ки бинвозам бароят сози дилхоҳат,
Кадомин соз мегӯӣ, кадомин соз, эй модар?
Кадомин достонамро, кадомин ормонамро?
Кадомин қисса ё ҳисса, кадомин роз, эй модар?
Ту мегӯӣ, ки гоҳе нози ман ҳай нози ширинест,
Кадомин ноз мегӯӣ, кадомин ноз, эй модар?
Ту мегӯӣ ба китфам кош шинад бози қисматсоз,
Кадомин боз мегӯӣ, кадомин боз, эй модар?
Ту мегӯӣ, ки метарсӣ зи миқрозу зи теғу гоз,
Чаро миқроз мегӯӣ, чаро аз гоз, эй модар?
Ту мегӯӣ, ки эмин бош аз ози ҳарисоне,
Кадомин оз мегӯӣ, кадомин оз, эй модар?
Ту мегӯӣ, ки булбулвор гӯям, не мисоли ғоз,
Кадомин ғоз мегӯӣ, кадомин ғоз, эй модар?
Ту, эй устоз, эй модар, ту, эй ҳамроз, эй модар,
Кадомин роз мегӯӣ, кадомин роз, эй модар?
июни 2006

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё