Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Имрӯз ҳумои бахт бо ҳукми Худо
Чатре ба самои тоҷикон гардида.
Имрӯз зи мулки ғайб бар кишвари мо
Сад рӯҳи бузург меҳмон гардида.
Ин кишвари ориёии ҷамшедӣ
Саршор зи мавҷи Мӯлиён гардида.
Рахш омаду Рустами Таҳамтан овард,
Сӯҳроб сӯи падар равон гардида.
Бишнохт писар падар, падар фарзандаш,
Бадхоҳ ҳақиру нотавон гардида.
Ваҳдат овард чун ҳумойи қудсӣ,
Ваҳдатозин саройи ҷон гардида.
Меросбари асили Оли Сомон
Эҳёгари аҳди бостон гардида.
Дигар ту бубин, ки Тоҷикистон имрӯз
Ваҳдаткадае биҳиштсон гардида.
Заҳҳок фано шуду фано Аҳриман,
Дар арш Зуҳал зи ғам хазон гардида.
Бар ваҳдати мо, бимон, ки чашме нарасад,
К-он зеби замину осмон гардида.
Бишнохт писар падар, падар фарзандаш,
Ин даҳр ба коми Достон гардида.
Дар ҳифзи чунин шинохт шуғнидухтар
Раънои муборизи замон гардида.
июни 2006

ВАТАН, ВАТАН

Фазои орзуи нотамоми ман, Ватан, Ватан,
Сарои гуфтугӯи бардавоми ман, Ватан, Ватан,
Самои ҷустуҷӯи субҳу шоми ман, Ватан, Ватан,

пешина
аз 82
навбатӣ