Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
АВВАЛИН САФАР
Моҳномаи «Истиқбол»-ро ба ҳамсабақон, ба устодони донишкада нишон дода, масти ифтихору ҷунуни ҷавонӣ мегаштам, ки як рўз боз занги телефон баланд шуд. Аз он сўи гўшӣ садои нарму меҳрбори муаллима шунида шуд: «Бузургмеҳр, мо як гурўҳ адибон ба Бадахшон сафар дорем, як ҳафта. Ҳамроҳи мо рафта метавонӣ?».
Ба ин пешниҳоди ногаҳонӣ магар мешавад ҷавоби рад дод? Не, албатта. Охири моҳи октябри соли 2012 бо пиёда кардани «баҳонаҳои ҷиддӣ» аз донишкада фирор карда, ба корвони адибон пайвастам. Ба ҳайати мо шоирони номвар Латофат, Ато Мирхоҷа, Ворис, журналистони маъруф Султони Ҳамад (Ёдаш ба хайр!) шомил буданд.
Ба шарофати дарёдилии муаллима Латофат 7 рўз қад-қади соҳили дарёи ноороми Панҷ гашта, аз шаҳру навоҳии Дарвозу Ванҷ, Рўшону Хоруғ, Шуғнон ва Ишкошим дидан кардем. Якбора чашм ба хоки Афғонистон низ дўхта, ботинан ба халқи азияткашидааш дил мефишурдам. Мардуми бадахшонӣ самимияти вижа доштанд.
Маро дар қатори шоирони шинохта дида, бологузар мекарданд, дар рагҳоям ба ҷои хун нозишу болиш меҷўшид. Бори дигар, мушоҳида шуд, ки мардуми одӣ то чи ҳад ташнаи шеър, ташнаи маърифату маънавиятанд.
Пеш аз ин бо тақозои рўзгор ба шаҳри Новый Уренгойи Россия сафар доштам.
Аммо сафари Бадахшон куҷову муҳоҷират куҷо? Ба қавли Ҳофизи бузургвор: «Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?».
Ҳамин тавр, муаллимаи азиз ба ман имкон дод, бори нахуст худро на ба сифати мардикор дар мулки бегона, балки ҳамчун адиб, ҳамчун зиёӣ эҳсос кунам, ҳарчанд ба он дараҷа нарасидаам.
Он сафар дар дафтари ёд барои ҳамеша сабт аст. Баъди он саёҳат меҳру муҳаббатам ба як гўшаи афсонавии Тоҷикистон – Боми ҷаҳон дучанд гардид. Чандин ёру дўстон дарёфтам. Минбаъд бо аксари равшанфикрони Бадахшон ошно гашта, бо роҳҳои ҳавоиву заминӣ борҳо дар оғўшаш меҳмон шудаам. Ҳамчун рамзи ихлос дар дил нияти навиштани шеъре мепарваридам ва ниҳоят соли 2019 хостаи дилам шуд ва шеъри «Бадахшон - қуллаи номуси миллат» иншо гардид. Аҷиб он аст, ки ин шеърро низ бори аввал Латофати арҷманд дар китоби худ, ки аз рўзгори ибратбахши устоди рақси бадахшонӣ Ғарибсултон Худоёрбекова нақл мекард, ҷо намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё