Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вақти рафтан 3 китоби худ ва чанд моҳномаи «Истиқбол»-ро бароям армуғон кард. Ваъда дод, ки дар шумораи ояндаи маҷалла шеърҳоятро нашр мекунем. Аз шодии зиёд ба ёдам ҳам нарасидааст, ки дар китобҳо соядаст гирам. Бо бағали пур аз китоб ва дили пур аз умеду хушбинӣ аз дар баромадам. Баромадаму бинои «Шарқи озод»-ро зебову муназзам ва ородода дарёфтам, дар назарам кўчаҳои шаҳр ҳам хушрў менамуданд, одамонаш ҳам гўё якбора меҳрубон шуда буданд, гўё бо чашму абрў, бо ангуштон маро нишон дода, пеши поям гули табассум мерехтанд, шодтарин каси шаҳр ман будам гўё.
Ин ҳама фараҳу шодмонии ройгонро дар чанд дақиқа Латофати азиз ҳадия карда буд, ки ҳаргиз фаромўш нахоҳам кард.
Бавижа, ин сабақро: «Кўшиш намо, то муҳаррири шеърҳои худат боз ҳам худат бошӣ».

пешина
аз 29
навбатӣ