Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Онҳо, ки худобозанд, бо номи Худо созанд,
Онҳо, ки Худоёранд аз илму ҳунар нозанд.


Ғайри ман дунё набуду ғайри ман дине набуд,
Ҳарчӣ аз берун дарун бурдам дурўғу кина буд.


Олам, ки ҳама ба гуфтугў гарм тапид,
Фаҳмидани ҳам ба хотири кас нарасид.


Олам ҳама варзиши дурўғ омўзад,
Бошад, ки фитад ба боғи фирдавси дурўғ.


Дар фалак оворатар аз ман Замин,
Гўиё ҷон омадам ман, тан –Замин.


Ин Худокушҳо, ки манро куштаанд,
Пеш аз ман хештанро куштаанд.


Аз хокзанӣ задем дар хок,
Мондем зи хешу хоку афлок.


Тарсат зи дарун рўйи фалак зод Худо,
Тарсат зи бурун зод Худо аз авбош.


Бишўӣ ҳар қадар ғаждии кина,
Муҳаббат он қадар ҷўшад ба сина.


То панаҳ ёбад ба чашми гову баргу обу кўҳ,
Дўш ирфон аз нигоҳи ман гурезон шуд чу нур.


Поктарин шоҳи ҷаҳон аст тифл,
Гиряи ў ҳукми ҳаёти замин.


Ҳар субҳ офтоб диҳад ханда ёду ман,
Бе хандаҳои чашми шабат бесаводи ханд.


Гурбае бо силае аз синаам пай бурду лек,
Дар канорам хуфтаӣ умре, набурда пай дилам.


Фиғони мард аз занҳои сард аст,
Зани сард аз куҷо зан, сарддард аст.


Ба вақти гирифтан даҳан аждаҳоӣ,
Ба ҳангоми додан кафе мўрпоӣ.


Олам ҳама пур зи нур, аммо,
Ку чашм, ки бинаду шиносад.


Нуре, ки ба сўи ту давад рост, сафед аст,
Нуре, ки гузар каҷ кунад аз чашм, сиёҳ аст.


Донӣ ту, ки ман рост ба сўйи ту равонам,
Бар чашми паямбар сияҳам гарчи, савоб аст.


пешина
аз 186
навбатӣ