Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ишқ омад посбони мо, вале
Посбонро мо ҳаво пиндоштем.
Саропои ҷаҳон фарёди ишқ аст,
Фалак гўше барои доди ишқ аст.
Дар хона ғавғо то фалак,
Берун ҳама моҳу малак.
Тангии даҳонат ҳаваси дони анор аст,
То хурд шавад хуфтаи зиндони анор аст.
Он нур, ки меҷўӣ дар синаи ту пинҳон,
Зулмат, ки ҳаметарсӣ дар кинаи ту пинҳон.
Ҷаҳон сад бор қисмат мешавад, лек,
Насиби мо ба ҷуз мушту лагад нест?
Чу дўзах рў зад аз мағзи таассуб,
Биҳишт андар забони шоирон руст.
То меҳр наҷўшад бағали дил накушояд,
Ин баргнавозон хабар аз реша надоранд.
Зиндагӣ чун наъраҳои шер шуд,
Фалсафа аз фалсафа дилгир шуд.
Аз бало чӣ тарсонӣ чун на аз Худо хезад,
Гар на аз ману аз ту, аз куҷо бало хезад.
Эй ҳама олам даруни ҳақ чу гард,
Ҳақ бишав, дигар ба гирди ҳақ магард.
Эй монда дар иҳота монанди Тоҷикистон,
Тарсам, ки ҳазм гардӣ чун панди Тоҷикистон.
Ба чашмеву абру тавон ҷанг дохт,
Ба ҷон кандан, аммо, тавон сулҳ сохт.
Аз гиряи ман хандаи ту тозаву тар шуд,
Ҳайрони гули дил шудаму селпарастиш.
Аз худу аз ҷумла берун, дар Худоям андарун,
Дар Худо ҳар кас ки бошад дину дўзах мурдахун.
Миллати ман баски сўфимашраб аст,
Ҳарфи савдоӣ барояш мактаб аст.
Худоро чу худ чун гадо сохтам,
Биҳишти дарун бар гадо бохтам.
Болойии фалакҳо жарфойии ман омад,
Ғарқидан андарунам омад фалаксаворӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё