Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар дари худ дараи ханда кунем.

Хезу бархез, фалак аз пайи мо мепўяд,
Хезу бархез, ки хуршед зи мо мерўяд,
Ба гиребони худ аз атри гули дил зану хез,
Ки Худо низ гиребони туро мебўяд.

Тоҷикистон, ҳама хешем, ки хешем ҳама,
Ба намози Ватани ойинакешем ҳама,
Кўдаки мост Ватан, хез, сари дўш кунем,
Обро дар даҳани кўдаки худ нўш кунем.

Кўҳро пайкараи ханда кунем,
Бодро шаршараи ханда кунем,
Лола оҳубараи ханда кунем,
Ҳар дари худ дараи ханда кунем.

БЕГУНОҲИ ГУНОҲ

Мекунад бедор субҳи бегуноҳ,
Рўи ман мешўяд оби бегуноҳ,
Дар димоғи ҷон ҳавои бегуноҳ,
Мекашад гўш офтоби бегуноҳ.

Тифли нози бегунаҳ дар хоби ноз,
Нозе аз ояндаҳои бегуноҳ.
Мешуморад чашм пўшида падар
Тасбиҳи номи Худои бегуноҳ.

Чун фаришта шишта рўи ҷонамоз
Модарам – ҳусни расои бегуноҳ,
Тавбаро гирад гиребони худаш
Чун гиребони дуои бегуноҳ.

Менишинам пеши хони бегуноҳ,

пешина
аз 186
навбатӣ