Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Аз мавҷаи мардуми лаболаб.
Аз панҷари мижжаҳои соҳил
Ду заврақи чашми якпара дур.
Ду мардумаи шикастапору
Лангарзани умқи баҳри пуршўр.
Лангар ба миёни обу заврақ То рафт аз об мешавад пур, Гар сахраи рўз мехўрад ғел Мавҷ асту ҷари шабони сархўр...
1991
КУ БА ҶОНАМ ЛАРЗАҲОИ ҶОНИ Ў
Чун фитод андар Хуросонаш гузар,
Хондаам, ки духтареро дид Умар:
Дар ризои ҷони бемори падар,
Сар ба пои ҷони бемори падар.
Шустушўйи зеру боло мекунад,
Тифлро гўё ки лоло мекунад.
Мекунад парпеч рўзу шаб чу тифл,
Обу нонаш медиҳад бо лаб чу тифл,
Сўзанаш мижгон барои хори ў,
Бўса доруи дили озори ў.
Кони беморӣ тани зори падар,
Хори пирӣ дар тани хори падар.
Гуфт Умар: – Эй хоки пои ту биҳишт,
Сўи ту оварда рои ту биҳишт,
Чун ту фарзанди малакойину дин,
Ман надидам, гарчи гардидам замин
Гуфт духтар: – Рост мегўӣ, валек,
Жарф бинӣ, иллате ёбӣ ту нек;
Беҳтар аз ман ҳам худи ў будааст.
Дар танаш ҷон баҳри ман фарсудааст Гарчи бо сар медавам дар хидматаш, Мефишонам хидмати беминнаташ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё