Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҷои гулкаф пои дилкўб
Гарданамро шуд авезон,
Ҷои бўи гул зи ман хест
Бўи хуни тифли виҷдон.
Анҷуманро ёд дорӣ?
Баҳри пул по бар фалак баст!
Анҷуман қонун баровард
Баҳри сад пулбози пулмаст.
Лек қонунро ба виҷдон
Дод чун фарде гироиш,
Анҷуман омад ба фарёд
Ҳамчу зан ҳангоми зоиш.
Пири тири ҷангхўрда Бо қазо дорад қиёмат:
«– Кафчаи дарюза кардӣ Ҷои захмамро ба давлат!
Баҳри ҷони ин сиёсат
Ҷон супоридам сари бод,
Ў диҳад то тангаам беш,
Бонги миннат дар ҷаҳон дод.
Баҳри худ сад дар сад афзуд
Бе саволу бе кашокаш!
Баҳри тифлон даҳ фисадро
Баста дар баҳси балокаш!»
Бо сиёсат чун дарафтам,
Мехўрам худро зиёда,
Хокдони ў савора,
Осмони ман пиёда!
Бехабар хуни сиёсат Баски дар ҷонам давида, Ҷои гул бинӣ баҳорон Ту мани гарданбурида.
1990
Эй насли нави зоидаи динаи ман
Қурбони сиёсати нави кўҳнаи ман,
Хуни ту, ки бўи ишқи навхезаш буд,
Аз ҳилаи навҷомаи кӣ резаш буд?!
Эй бодаки Варзоб, ту ҳам пир шудӣ,
Монанди шамоли қибла дилгир шудӣ,
Аз манзараи ишқи ҷавон гашта бурун,
Дар маҳшараи хуни ҷавон шишта забун!
Наврўз, маё, ки кўҳнарўз аст ҳанўз, Ин пуштаву тал на лола дар даст ҳанўз; Монанди камони аскарони дина Оташ бикушода пуштаҳо аз сина...
феврали соли 1990
БАРОИ ЗЕБО АМИНЗОДА
Мисоли шоире, ки чашми гулчинаш Кафи дарюзаи гулчини зебоист, Замон буд зори зебоӣ, ки Зебо рўи чашмони замин биншаст, Ба чашмони замин ҳар кас нишинад мекунад чашми замонро маст.
Бар ў чун бингарам бо ҳасрати зебо Ба дил гўям:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё