Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳама каҳ буд дурўғ
Нафасе бод кунем,
Ва бигўем ба олам, ки ҳазореву дувист
Миллати мо ба газоф
Хешро сўхт, ки каҳ дона шавад,
Мо каҳи бод шудем.
Дигар аз ҷаҳли дурўғон чӣ бигўям, ки занаш
Ҷигари мард хўрад хом,
Ва мардаш дили мард
Бирёнда...
Ман ба хуршеду ба ребос намоз овардам,
Ки яке чунки бисабзад,
Зи гияҳ то ба сипаҳ нарм диҳад нури асо,
Яъне, нур аст асо баҳри асо
Хўи кўдак дорад,
Дигаре чун бадар ояд,
Бегунаҳ рустани одам бисарояд,
Мешавад сабз дуои рўиш.
Бўи туршина хаёлаш бирасад чун ба димоғи дараҳо,
Мешавад оби даҳони дараҳо шаршараҳо.
Ва дуояш
Бўи кўдак дорад,
На ба он санги сиёҳе, ки чу як тухмаи зулмат
Бал чу сўрохи сиёҳи фалаки ақли авом,
Нафаси тоза рубояд.
Ҳеҷ донед чаро Мавлавии нури ба нур
Бо дили сабз ҳама умр найи нур навохт,
Ў хабар дошт, ки ребосӣ буд,
Ва мегуфт:
«Рўед, эй ҷумла суратҳо, ки суратҳои нав омад!»
В-аз баҳои сари дори Мансур
Рози ин пардадариро накушуд.
Ҳам аз ин буд, ки Сўҳроби Сипеҳрӣ
Шуд гияҳхомаву шуд нофасухан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё