Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Рўида рўи шонаам,
Покўб бар пешонаам,
Шўре диҳад мардонаам,
То вокашад аз хонаам.
Хуни маро раҳ мефитад,
Болокашам таҳ мефитад,
Аз минбари маҳ мефитад,
Бо ман дили чаҳ мефитад.
Бар дидаи минбаркашон,
Рўидани ман ноаён,
Кай буд пайдо рушди ҷон,
Бо заррабинҳои ҷаҳон?!
Ман минбари худрешаам,
Дар хешрўӣ пешаам
Не сангаму не шишаам,
Дарёкаши андешаам.
Дар ман самои дигар аст,
Обу ҳавои дигар аст.
Дину дуои дигар аст,
Нури худои дигар аст.
Дўзах зи ман ларзад чу дин,
Гулпўши ман хулди барин,
Дар хизматам бедор бин,
Он ҷо худои нозанин.
Ҷони Ватанро дар бало,
Хоҳӣ кушоӣ бандҳо,
Якҷо шавӣ то бо худо,
Худро кушо, бо ман биё.
Бомдод мехезам
Хуршед аз паси кўҳ шири нур ба рўям мепошад
Ки сапед бояд зист!
Хамёза мекашам.
Обро, ки нури ошамидани шодист,
Чу ояи таҳорат
Ба рў мезанам,
Об бо қаҳқаҳа пош мехўрад,
Ки шод бояд зист!
Нафаси об дар гулўи лўла мешиканам…
Табассуми ҷўраб
Ва хандаи кафшамро
Ба пойҳо мекашам
Хандаи дарвозаро қуфл мезанам
Ва ба ҷустуҷўи шодие, ки дар батни андеша аст,
Меравам берун...
Шояд кўдакони сарироҳии шодӣ бизоям...
УНВОН НИЗ ЧУ МАНСАБ БОШАД
Ба яке минбари дил,
Ба дигар боли тафаккур.
Ба касе мушту лагад бар ҷигари ақли авом,
Дар дили маҳбаси шўҳрат
То бипўсонад.
Ба касе мошинест,
Ки ба фарқи мардум
Бенигаҳ меронад.
Ба касе мисли сақич аст,
Ки то бўйи даҳан
Биншонад,
Ба яке чеки раҳоист зи чанги милиса,
Ба касоне нафақа...
Чун хабари ҷанги ҷаҳон беш ёфт, Посухи ҳайрат писар аз ман бикофт:
-Эй падар, аз чист, ки дар зиндагӣ
-Ҷанг чунин беш бад-ин бандагӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё