Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳам аз ҷигари ман,
Ҳам аз дили майҳан…
Аммо нигаҳи ман
Аз куртаи тан то ба бадан
Роҳ набурда.
То дилнигарӣ роҳ чи дур асту дароз аст.
Девораи ғавғо
Аз хок қад афрохта то моҳи фароз аст…


Аз ман нагурезад,
Аз ман чӣ гурезад, ки ман асли шумоям,
Аз асл гурезед,
Иблис бихезед,
В-он гоҳ ба худ ҳамчу ба Иблис ситезад.

Аз ман нагурезед,
Зи рустан нагурезед.
Аз «ман» бигурезед
Аз гавҳари худ ҳеҷ натонад, ки гурезад,
Ҳатто ки Худо низ.


Коҳилон душмани хешанду Худо,
Коҳилон душмани фарзанди ризо.
Коҳилон қотили пиндори зананд,
Коҳилон мурдаи бори Ватананд.

Чашмдози даҳани луқмаи тифл,
Порасози даҳани луқмаи тифл.
Аз пайи зиндагии мурда даванд,
Кундаи зиндагии зинда шаванд.

Коҳилон ҳусни ҳунар кай дида?!
Ба ҳунар ҳусни баҳо кай чида?!
Коҳилонро ҳама сў сўйи шикам,
Сарашон нозкаши хўйи шикам.
Зи нафасшон бирасад бўйи шикам,
Рўйи олам паяшон рўйи шикам.


Ту бо табиати худӣ, ки худоӣ,
Ва худоӣ дар ту зинда аст.
На дар ман,
Зиндагӣ дар ту зинда аст.
На дар ман,
Ишқ дар ту зинда аст.
На дар ман.

Ман тобутеам, ки ҳавасҳои мурда мекашам, Гулчамбари зиндаи дастҳоятро Ба гарданам овез.
Ки ман аз гўри таассуби худ « Рақскунон бархезам».
Ва лабҳоямон дар найи зиндагии зинда Нафаси худоӣ навозад.


Таърих мегўяд:
Метавон ба ҳама дурўғ гуфт:
Ҳам ба дин,
Ҳам ба андеша,
Ҳам ба илм,
Ҳам ба худ,
Ҳам ба Худо.
Вале ба зиндагии зинда
Наметавон.


Зинобозе, ки шамшери зино зад,

пешина
аз 186
навбатӣ