Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҷанг аз ин дар садост, мегўянд.
Заҳри рўишхўр аст сафсатта,
Кўҳнарав банди пост, мегўянд.
Ў, ки худро раҳо натонад кард,
Банди ту кай кушо-ст? Мегўянд.
Бояд ахлот дур зад аз сар,
Сар на ахлотҷост, мегўянд.
Гули нозат мадор олуда,
Ту дар ин хилту хост, мегўянд.
Худ таассуб, ки нест ҷуз ахлот,
Зеби сар аз куҷост? Мегўянд.
Пок чун тифл шав, биҳишт ин ҷост,
Аз ту дўзах турост, мегўянд.
Парбарорист ишқи васли худӣ,
Нур худ зинапост, мегўянд.
Гуфт Буддо: «Маё зи пушти ман,
Раҳгумӣ з-ин хатост», мегўянд.
Пайравӣ ғайри думшуданҳо нест,
Ришу дум мўйҳост, мегўянд.
Риши дум дор зад дусад Мансур,
Бо Худо хунбаҳост, мегўянд.
Дар ту Зардушти дигаре хуфтаст,
Худгари худкушост, мегўянд.
Хешро дўст дору хор макун,
Лухтакӣ норавост! Мегўянд.
Чанд бо ҳукми ин кушӣ онро,
Худгари ту куҷост, мегўянд.
Умр як наъра дар сарои хамўш,
Пешу пас бесадост, мегўянд.
Ту, ки оҷиз ба рўиши хешӣ,
Ҳай-ҳаят чун марост? Мегўянд.
Ҷумлаи кашф баҳри кашфи худ аст,
Ба Вай аз ин чӣ хост? Мегўянд.
Нусхаи нўҳ фалак ба мағзи сар аст,
Роҳ аз ин бар фарост, мегўянд.
Мағзи худро, агар биёбӣ роҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё