Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гулҳои Ватан сабз расида ба дутораш.
Гулрези садаф нест, ки чида ба дутораш,
Армони дили халқ дамида ба дутораш.
БАРОИ МАЪРУФХЎҶА БАҲОДУРОВ
Садояш аз саройи дур меомад,
Сарахборе ҳам аз дарёи савти нур меомад.
Абистошеваӣ аз нойи буддоӣ гузар мекард,
Диле аз худшиносии диле ҷонро хабар мекард.
Ба хуни Монии Аржанг аз мўе қалам мебаст,
Ба чашми осмон ҳам бўйи нам мебаст,
Ва аз роҳи раги сантур меомад.
Вале сози биҳиштӣ мавҷи дигар зад,
Ду мавҷи рег аз як мавҷи дарё авҷи дигар зад.
Шутурмастии шамшери биёбоне, ки дин мегуфту хун
мерехт,
Ва хуннозии шамшери биёбоне, ки нон мегуфту хун мерехт.
Ба як оҳангу чандин авҷ бар гўши биҳишти ориён ҷар зад, Дигар мурғи биҳиштӣ рўйи хун пар зад.
Чу аз ангуштҳои Борбад аз панҷаи дасташ Ба ҷойи оби савти зиндагизо Оби хуни мурдазо ҷўшид.
Ва гўши мағзҳои мо сияҳ пўшид…
Зи дарёзойии хуршеди нуру ҳақзани Мансур То шамшери ҳақпарвози Бўмуслим Роҳ то сегоҳ мезоид,
Ва аз ногаҳгурези шоҳ Хоразмӣ Дугоҳе аз ҳавойи зарбаи Темурмалик Дар кандани занҷир меомад.
Зи занҷири кашони пойи оҳангаш Фиғони дарду дардангез бо ҳам ҷўр меомад, Ва аз ҷони суруди дардсўзаш сўйи Озодӣ Дуои сур меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё