Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Рўҳ мепўшад аз ў.
Чи муқаддас нафасест,
Зи покиш
Зародушт суханҳо мегуфт
Ва ба дасти саршор
Мефиристод дуо
Ки дами аҳриманиро шиканад,
Пос дорад нафаси ишқи Сипандармену...
Ба димоғи ҳар кас
Андаке ёбад роҳ
Мепарад ҳамраҳи ў войзанон
Лек бегона зи худ.
Ва ба афсўси ў,
Хок бар сар бизанад Андарвой11
ДАР ШУСТУШЎИ ОЛАМ
Аз ҳастии табиат мову шумо чӣ бурдем?
Ҷуз мастии ғанимат мову шумо чӣ бурдем?
Бар нур саҷдаи мо буд саҷда сўйи покӣ,
Аз поки то қиёмат мову шумо чӣ бурдем?
Мо масти саҷдабозӣ ишон ба кашфнозӣ,
Аз саҷда сўйи қудрат мову шумо чӣ бурдем?
Қудраткушойи ҳастӣ нури вуҷуди мо буд.
Аз нур ҷуз ба сурат мову шумо чӣ бурдем?
Аз нури обзойи гардун Замин тапиш бурд,
Аз нурзойи сират мову шумо чӣ бурдем?
Ақли пиёдахўро бо нури ишқ бастем?
Бе боли ин ҳақиқат мову шумо чӣ бурдем?
Мағзи наофаранда дар кўли тарс афтод,
Аз кўлшини фикрат мову шумо чӣ бурдем?
Бар оламе ки нозад ҳар ақли тар зи кашфаш
Афшонда сад надомат мову шумо чӣ бурдем?
1 Ба маънои ҳаво, номи эзади ҳавост (Авасто).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё