Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

На ман ғунҷам дар одам, на шумо низ,
Таҷовузкорияш бин дар бало низ!
Чи пинҳон аст дар ҷони дарунҳо,
Ки пешипо хўрад ўро бурунҳо!
Шиносам он қадар, ки медавад пеш
Ҳам андар пасравиҳо меравад пеш!
Чу саг ҳар сў маро то мекашонад,
Пайи ман ҳам шуморо мекашонад.
Маро, ки пештозам, метавон дид,
Куҷо чашме, ки хушхони ниҳон дид?!
Гар оташ мезанам ман дар ду олам,
Кӣ оташ зад дил андар дил маро ҳам?!
Чӣ оташ дорадам банди табу сўз,
Ки ман сўзам ҷаҳонро бе ғаму сўз?!
Балои Ақлу Ҷону Қалбу Қонун,
Баробар мекашам то ҳаст гардун!
Агар ҷон шуд ҳалолу ман ҳаромам,
Ҳамомези ману ҷонро чӣ номам?
Ҳалолеву ҳароме шуд чу яктан
Чаро ман обкаш, ў кўзабишкан?!
Кӣ андар кӣ ниҳонтар меравад роҳ?
Кӣ андар кӣ гаронтар мешавад оҳ?
На танҳо Ақлу Нафсу Қалбу Қонун,
Ки ҷон ҳам пеши ў ҳайрону вожун!
Ба ҷон ҳам мекунад бозӣ чу бо буз,
Чу бо ман мекунад бо ҷон таҷовуз...

...Чу савти нур бар гўши сапеда,
Суруши ишқ аз боло расида:
– Сабоҳ, арчи ба тифлон мепазӣ шир,
Сиёҳи деги шаб бўсад туро дер..

ТАҶОВУЗИ ДИН

Ба хотири сабз дар сабзии нигоҳи ту,
Ба бегуноҳии гиёҳ рўидам.

пешина
аз 186
навбатӣ