Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ба додат мекашам бо чормуштӣ!
– Маро?
Яъне, туйӣ аз ту бурунро?!
Бурун аз ту, вале дар ту дарунро!?
– Ту-ман?!
– Оре!...
– Аҷаб...
Донам ҷаҳонро,
Намедонам ҳақ аз ў то гумонро?!
Зи гавҳардориям дигар чӣ хезад,
Ҳамон беҳ ки маро дар ман бубезад!
– Таҷовуз кардаӣ худро чунон беш,
Ки мурда гавҳарат садсолаҳо пеш!
– Дурўғи дигаре, дидӣ ки чун рафт,
Чунон пинҳон, ки ҷон дар ҷони хун рафт!
Дар ин олам куҷо гавҳар бимирад?!
Ки он дунё ҳам ин гавҳар бигирад!
– Магар гавҳар ту танҳо дорию бас,
Ки гавҳар дорад ин ҷо ҳар касу хас!
Бимирад ҷумла баҳри гавҳари хеш,
Чи гавҳарҳо кашад пойи дари хеш!
– Аҷаб!
– Оре!
– Хасу гавҳар! Чӣ ҳарф аст!
Ба тобистон парида гарди барф аст!
Ту медонӣ, ки гавҳар чист?
Ё раб!
Ки ў фарқе шиносад рўз аз шаб?!
– Бале!
Бегавҳаре хас чун шавад хас
Зи аввал то ба охир чун равад хас?!
– Ту биншину биноз андар хаси хеш,
Ки ман рафтам зи пешат аз паси хеш!
– Бирав, аммо, ба ҳар ҷое нишинӣ,
Маро бо хеш рў дар рў бубинӣ!
Туро буд аз хасу хошок парҳез?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё