Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуни Хайём хати парвоз аст.
Ба равони лола.
Парчами рустаи хоки адам аст,
Ҳудаи беҳуда.
Фалсафа сафсатаро дар қадам аст,
Судаи бесуда.


Ҷони ҷавшанпўши дарё,
Рост шуд ҳамдўши дарё,
Рў ба рў омад ба саҳро,
Рехт дарёе ба дарё.
Ҷанги хушку тар бапо шуд,
Хушку тар аз худ раҳо шуд.
Чашми гардун пур шуд аз рег,
Чашмаи хун пур шуд аз рег.
Асбу уштур хонд Қурон,
Бо забон неву ба дандон.


Лолае хандид: – Балхии рашид.
Руму Рай бигрифту Ҳинду Чин кашид,
Фикри ту бепар чу бўи ман фитод,
Зери домонам тапиду орамид.
Лолаи нофат бурид аз нофи мом,
Нофи мағзат ҳам аз ў бояд бурид.
Шири модар медиҳад мўҳлат сафед,
Халқи пистон чанд мебояд макид.
Ту ҷанинӣ, ту ҷанинӣ, эй ҷаноб
Гарчи ришат низ то нофат расид.
Хунӣ, андар хунӣ, андар хуни хун,
Кай ту худро зодаӣ аз нав чу ид.


Ёде ки дар қаламрави Чингиз нишаста буд,
Афсўси нури ишқ кашиду сафар гирифт.

пешина
аз 186
навбатӣ