Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ў кист ки зиндагӣ кунад бо худи худ,
Озодии бандагӣ ба по то худи худ,
Бар лола нигар саломи Зардушт барад,
Чун нур, ки мебарад Ашо то худи худ.

Зардушт расиду лола дар нур гирифт,
Аз тира ба худшиносие ҷўр гирифт.
Бар ҳамсарии модару фарзанд гирист,
В-аз додару хоҳар ҳамсарӣ дур гирифт.


Фалотун руст аз нурат ба Юнон,
Нигоҳаш лолачини чархи гардон.


Лола ба лола мезанад боди Курушу Томирис,
Сер нашуд ба хики хун чашми Сикандари гиҷис.
Ҳазм накард лоладил хуни ҷаҳонситони ў,
Лола ба бинӣ кишту рафт аз раҳи Ҳинд ҷони ў...


Он зан, ки лаби лаъли Ватанбўс надошт,
Пиндошт, ки лаъл хезад аз лаълии ноф.
Чун лола сари Сапетамонро бардошт,
Бигзошт ба пойи шери Юнон паи лоф.
Занро таҳи рони лашкари хеш гузошт,
Бардошт баҳои зани сарбозхилоф...


Фазое ки фарҳанги Кўшон кушод
Ба Руму ба Юнон сари тоза дод.


Доғи Сикандарӣ бишуст аз дили лола Оли Ашк,
Боли Вариғанӣ кушод Оли наве зи боли Ашк.

пешина
аз 186
навбатӣ