Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳоло бинигар кори фалакро, Сар неву дунима шуда шамшер!
Сар сахт буд, оре.
Аз дил гузаронам,
Гар ҷумла заминро
Шамшер ҳамесохту мекўфт бар ин сар Дунима замин мешуду не сар!
Аммо
З-он рўз ки Ҳитлар
Шамшер бубардошту бар асби сиёсат Роне бифишорид,
– Аз домани Берлин То банди гиребонаи Маскав Бас шоҳу басе давлату бас шаҳр давиданд замонҳо, Чун Мушфиқӣ андар таҳи шамшер пиёда, Фарёд ба ҷон аз ғазаби Ҳитлару нафрин Аҳсан ба забон сўйи Ситолин!
ТЕҒИ ЗАМОН
«Пайрави ҳавас машавед, ки аз адолат бозмонед»
Қурон, Сураи Занон, ояи 135
Чу хатти истиво теғи замон имрўз
Бупиндорам, ба вустои замин хоб аст,
Чу хатти арзи зинда аз ду сўи ў
Кашида ҷўю дарёҳои заҳроб аст.
Чӣ ҷўе, к-аз вуҷуди хоки ҳар миллат,
Бал аз шарёни ҳар фарди ҷаҳон бефарқ,
Макида шарбати шодии ҷони ў,
Кашонад сўи шамшери замони ў.
Чи дарёе, ки давлатҳои якҷони бузургеро
Бурида мекунад кўчак,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё