Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
ТЕҒИ ҲИТЛЕР
Оҳангари шобоши сиёсат, Паскўчадави олами қаллоши сиёсат, Шабгарди сиёсат,
Таърих нишонид сари оши сиёсат!
Ангушти ҳасад бурд ба дандону зи ҳасрат Думғозаи худро бифишорид сиёсат Бар доши сиёсат...
– Боре ту бигў шаҳри сиёсат, ки чӣ шаҳр аст?
– Шаҳрест, ки шаҳроҳаи ў тахтаи пушт аст, Парвозгаҳи мушаки ў каллаи хунхор, Бар нақшаи раҳҳош гар аз авҷ бубинӣ, Ояд ба назар сурати хобидаи одам Дастош кушода,
Поҳош фиканда.
Чун пайраҳаи кўҳ раҳе пуштабадўшест Бо номи «Сутунмўҳра» ки дар ў Ҳамвора давон асту равон танкаву тўбаш.
Дарёб дигар бор, дар ин шаҳр чӣ бисёр Паскўчаи торики хам андар хами пуркор, Ҷўҳош пур аз хун.
Шодоб зи хуноб шаҷарҳош, Дар кўча чароғаш,
Қандили қусураш зи назарҳост-
– Баркандаву овехта бин дидаи атфол...
Оҳангари шобоши сиёсат
Сандон бипазируфт сару путк дилашро,
Бардошт ватанрову битобиду бикўбид,
Чандон ки ватан дар кафи ў шуд
Шамшери назарбози муҷалло,
Омад ба сари сахти Сталин!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё