Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Парваи1 хун якпара парвоза кард:
– Робиаву ишқи баландаш куҷо Нози ҷаҳонро диҳад аз худ раҳо?
Оламу одам чи ки, хуршедсо, Бетамаъ овехт ба ишқи худо Ишқи баланде. ки тамаъпош не, Хўи ғуломӣ патаки пош не!
Ишқи худо рустаи хўи худо, Ишқи гадо рустаи хўи гадо, Хўи худоӣ ба худо мекашад, Хўи гадоӣ ба гадо мекашад.
Чашм, ки шуд сўи тамаъ нимво, Рав, ки гадорўй гадоӣ, гадо...
То ба ҷаҳон халқи гадорў бувад, Адли ҷаҳон Мушфиқии ў бувад, Хобзада пеши гадорў шуда Муфлиси ифлос аз ин рў шуда...

ҲИКОЯТИ ПАДАР (Ё ТЕҒИ ХОБ)

– Дўсти ман дар ҷавонӣ зан гирифт,
Як зани пурхоби ланҷу дан1 гирифт,
Чун гаронҷон фарди даврон будааст,
Гўиё хобаш ба тан ҷон будааст.
– Мардро сабр аст – гуфтам – ёри умр,
Меканад хобаш аз ў чун дори умр.
Аз туи доманбасар ёбад писар
Хобро дар хоб бинад то саҳар...
Сол нагзашту писар тавлид шуд,
Хонадонашро салои ид шуд.
Модар, аммо, кай салояш бишнавад,
Ширҷўё гиряҳояш бишнавад:

1 . Ҳар ғанимате аз ҷанг ба чанг ояд.

пешина
аз 186
навбатӣ