Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мисли танўрат дилаш оташсавор,
Синаи танги ту куҷо шуд сафед,
Чашми танўри дили мо шуд сафед-
Марди ватанро ки ниго шуд сафед,
Дар дили ў ҷумла сиё шуд сафед,
Чун ватани хеш давад потиҳӣ,
Маърифат аз пеш давад потиҳӣ...
Сўи Бухорои шарифи шариф
Дидаӣ оё ту ба соли касиф;
Хонаи дониш зи сутурванхиёл
Гашт сутурхонаи суннатшикол
Тори сараш чархзанон ҷуфтабол
Яъне, туюри зи филиз суфтабол,
Аз сабади чарх чу шуд байзакор,
Ҷони Бухоро ба катак зад мағор.
Тухми Бухору закари чархсош1,
Байзаи таркандаи ў кард пош2,
Тухми кабудаш нигаҳи ҳайрат аст,
Аз закари бесара дар хиҷлат аст...
Чунки «ситон» думрави «тоҷик» шуд
Наъраи «бистон!» зи таги дег шуд,
Моҳии он пир3 ба соҳил расид,
Соҳили ин пир зи дарё бурид,
Вой аз ин маърифати яксара,
Яксар аз ў гашта ҷаҳон фарфара:
Як тараф Инсону Милал як тараф,
Ҷонибаке сулҳу ҷадал як тараф,
Ҳилагараш ҳуллаи4 ў медарад
Ҳуллаи худ чаппа ба сар мебарад...
Ногаҳ таърих гулў тоза кард

1 Гунбазҳо ва манораҳо
2 Ишора ба бомбаборони ш.Бухоро дар солҳои Инқилоб.
3 . Ишора ба гаҳвораи устухони моҳие, ки пири моҳигар (асари Э.
Ҳемингуэ) ба соҳил расонидааст.
4 . Ин ҷо ба маънои поҷома

пешина
аз 186
навбатӣ